Главная / Ҷуғрофия / Ноҳияи ШУҒНОН

Ноҳияи ШУҒНОН

ШУҒНОН, райони маъмуриест дар ҳайати Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ. Таъсисаш 27 окт. 1932. Масоҳ 8851,3 км2. Ахолиаш 44,5 ҳаз. наф. (1986). Район ба 10 С. қ. (Ванқалъа, Вир, Дарморахт, Навобод, Октябрь, Поршнев, Роштқалъа, Сежд, Сучон, Тавдем) тақсим шудааст. Маркази район — ш. Хорӯғ.

shughnon

Ҳудуди район дар Помири Ғарбӣ, дар ҳавзаи д-ҳои Рунд ва Шахдара воқеъ гаштааст. Релефаш кӯҳист. Қисми ғарбии районро қ-кӯҳи Ишкошим (нуқтаи баландтаринаш 6096 м), шимолиашро нишебиҳои ҷанубии қ-кӯҳи Рушон (то 6080 м), ҷанубиашро нишебиҳои шимолии қ-кӯҳи Шахдара (то 6726 м), ва қисми мобайниашро қ-кӯҳи Шуғнон (то 5704 м) ишғол кардаанд. Дар шарқи район қисми ғарбии қ-кӯҳи Аличури Ҷанубӣ (то 5706 м) ҷойгир шудааст. Конҳои лоҷвард, абрақ (флогопит), талқ, масолеҳи бинокорӣ ва чашмаҳои минералии обашон гарм ва хунук мавҷуданд. Иқлим континентист. Дар ш. Хорӯғ ҳарор. ба хисоби миёна: янв. —7,8*C, июль22,2*С. Боришоти солона 263 мм. Дарёҳо бисёр буда, калонтарини онҳо Панҷ, Рунд ва шохоби чапи он Шахдара мебошад. Оби д. Ғунд ва баъзе шохобҳои он қисман барон обёрӣ сарф мешавад. Дар поёноби д. Ғунд ГЭС (иқтидораш 9 ҳаз. кВт) сохта шудааст. Хоки води ва доманакӯҳҳо асосан ҷигарранги равшан, хоки саргаҳи водии Шахдара ҷигарранг аст. Дар доманакӯҳҳо растаниҳои биёбонӣ ва нимбиёбонӣ (шӯра, явшон, ковил, буттаҳои хордор) ва дар водии д-ҳои Ғунд, Шаҳдара ҷо-ҷо дарахтони бед, сафедор, хаданг, буттаҳои ангат, зирк, настаран, қот ва ғ. меруянд. Дар доманаю нишебии куҳҳои поёноби д. Ғунд дарахти чормағз, себ, санҷид, дулона, олуча, токи худруй вомехуранд. Дар наздикии авдароби д-ҳои Ғунду Шаҳдара, дар нишебии шим. ғарбии қ-куҳи Шуғнон (дар баландиҳои 2100 —3500 м) Боғи ботаникии Помир воқеъ гаштааст.

Аҳолии район асосан бо чорводорӣ (бузу гусфанд ва говпарварӣ), зироаткорӣ (тамоку, гандум, ҷав, ҷуворимакка, картошкаю сабзавоткорӣ), боғу кирмакдорӣ машғул аст. С. 1986 дар район 7 совхоз мавҷуд буд. Соли хониши 1985/86 район 25 мактаби миёна, 31 мактаби ҳаштсола, 29 мактаби ибтидоӣ дошт. Дар район 46 китобхона, 33 клуб, 4 хонаи маданият, инчунин 3 касалхона, 5 амбулатория ва 38 пункта тиббӣ кор мекунад.

Нақлиёти район автомобилӣ ва ҳавоист. Байни районҳои ВАБК нақлиёти автомобилӣ, байни ш-ҳои Хоруғ — Душанбе ва Хоруӣ — посёлкаи Мурғоб нақлиёти ҳавоӣ ҳаст.

  1. Фақиров, С. Ғобназаров.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САЯН

САЯН (кӯҳҳои Саян), кишвари кӯҳиест, ки дар қисмҳои ҷанубии кишвари Красноярск ва вилояти Иркутск, қисми …