Маълумоти охирин

ШУДГОР

ШУДГОР, шиёр, шудёр, шухм, усули асосии заминронист. Пештар асосан бо омоҷ Ш. мекарданд. Ҳоло бо плуги хокгардон замин меронанд. Ҳангоми Ш. хок омезиш ёфта, тухми алафдҳи бегона, бисьёр зараррасону барангезандагони касалиҳои зироати х. қ,, ба зери хок афтида нобуд мегарданд. Дар қабати поёнии Ш. бо таъсири аэрация, намии дубора ва микрофлораи фаъоли муфиди хок моддаҳои ғизоии барои растаиӣ зарур зиёд мешаванд.

shudgor

Навъҳои зерини Ш. мавҷуданд: 1) ругардони хок; қабати бараш то 40 см-ро бо плуги хокгардони винтӣ 180 чаппагардон менамоянд. Ин навъи қадимтарини Ш.-и чимзамин буда, кори зиёди иловаӣй (молаву чархмола кардани замин, култивация ва ғ.)-ро талаб мекунад. 2) Ш.-и якум; заминро бо плуги хоссгардони нимвиитӣ 135 чаппагардон мекунанд. Ҳангоми Ш.-и якуми заминҳои навкорам ва партов чим дар зарфи якчанд моҳ намепусад. Ин навъи Ш. дар киштзори кудҳна низ номақбул аст, зеро баъди чунин Ш. чандин маротиоа чархмола ва мола кардан рост меояд. 3) Киштбоб кардани замин. Заминро бо плуге, ки дар кадом корпусаш пешплуг дорад, Ш. мекунанд. Пешплуг қабати сатҳии заминро бурида ба даруни ҷӯякҳо мепартояд; хокгардони корпуси асосии плуг қабати сахти заминро бурида, ба болои қабати сатҳии дар даруни ҷуякҳо хобида чаппагардон мекунад. Ин навъи беҳтарини Ш. аст. Сатҳи қитъаи Ш. ҳамвор мешавад ва корҳои миибаъдаи пеш аз киштро осон мегардонад.

Чукурии Ш.-ро вобаста ба ғафсии қабати шудгорбоб, хусусиятҳои биологии растаниҳои мазруъ, корҳои пеш аз кишт, каму зиёдии алафҳои бегона, мавҷудияти зараррасону касалиҳои зироати х. қ. ва ғ. муқаррар мекунанд. Заминро руякӣ, миёна (20 см) ва чуқур Ш. менамоянд. Дар чуқурии якхела гузаронидани Ш. бисьёр вақт ба сахт шудани даруни ҷуякҳо оварда мерасонад, ки ин низоми муътадили намии хокро номураттаб, инкишофи решаи растаниро душвор мегардонад. Бинобар ин дар кадом замини киштгардонро дар мавсим аз пештара чуқуртар Ш. кардан ба мақсад мувофиқ аст. Ш.-и чуқур яке аз шартҳои асосии ҳосилнокии баланду пойдор мебошад. Дар заминҳое, ки чуқурии Ш. то 20 см аст, тадриҷан қабати ғаифси киштбоб ба вуҷуд меояд.

Вақти Ш. ба хусусиятҳои хоку иқлими минтақа, агротехникаи зироати х. қ., муҳлати кишт ва ғ. вобастааст. Ш. баҳориӣ, тирамоҳӣ ва тобистонӣ мешавад. Ш.-и барвақти тирамоҳӣ нисбатан беҳтар буда, барои дар хок беҳтаp ғун шудани намӣ ва моддаҳои ғизоӣ барои растанӣ зарур мусоидат мекунад. Вобаста ба қитъаи намии тарзу усулҳои гуногуни III. мавҷуданд. Дар ҳар мавриди муайни тарзи Ш.-ро агрономи хоҷагӣ (рельеф ва корҳои минбаъдаи х.қ. ро дар замин қитъа ба ҳисоб гирифта) муқаррар мекунад.

Си фат и Ш.-ро хусусиятҳои хок (асосаш таркиби механикии хок) муайян мекунанд (ниг. низ Хок.), Ҳангоми Ш.-и заминҳои гилхок ва гили регдор дараҷаи намии онҳоро бояд ба ҳисоб гирифт. Заминҳои сахтро сари вақт (ҳатто якчанд соат дер намонда), ҳамин ки киштбоб шуд, Ш. бояд кард.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …