Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШУБНИКОВ Алексей Васильевич

ШУБНИКОВ Алексей Васильевич

shubnikov-a-v

ШУБНИКОВ Алексей Васильевич (29. 3. 1887, Москва —27. 4. 1970, ҳамон ҷо), кристаллографи советӣ, акад. АФ ССОР (1953; аъзо-корр. 1933), Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1967). Асарҳои асосии ӯ ба кристаллофизика, симметрияи, пайдоишу рушди кристаллҳо ва истифодаи онҳо оиданд. Ш. таълимотро оид ба антисимметрия эҷод карда ба Ҷамъбасти симметрияи кристаллографӣ асос гузошт. Ҳангоми тадқиқ ва тавсифи хусусиятҳои физикии моно ва поликристаллҳо аз нуқтаи назари симметрия муоина кардани онҳоро вусъат дод. Мавҷудияти текстураҳои пьезоэлектриро пешгуӣ намуд ва онро бори нахуст бавуҷуд овард. Яке аз аввалинҳо шуда усули сабзонидани кристаллҳоро кор карда баромад. Бо иштироки у техникаи муосири сабзонидани кристалл, инчунин усулҳои коркарди кристаллҳо ба вуҷуд оварда шуд. Лауреати Мукофотҳои давлатии СССP (1947, 1950). Бо 2 ордени Ленин, ва диг. ордену медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …