Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШУЪБАИ ЗАНОН

ШУЪБАИ ЗАНОН

ШУЪБАИ ЗАНОН, ташкилоти махсусест дар назди комитетҳои партиявӣ ва комсомолӣ.  12 нояб. 1919 бо қарори махсуси КИМУ дар кишв. Туркистон ташкил карда шуд. Аввалин ташкилотҳои коргарзанон дар  шаҳрҳои калони Осиёи Миёна —Тошкент, Самарқанд, Хуқанд, Хуҷанд, Конибодом, Уротетша ва аз с-ҳои 1923—24 дар Республикаи Халқии Советии Бухоро таъсис ёфтанд.

С. 1920 ташкилотҳои комсомолии музофоти Хуҷанд сектори махсуси занон ташкил карданд, ки он барои озодии занони маҳаллӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои модарон, кудакон ва духтарон мубориза бурд. Ба шарофати ин тадбирҳо с-ҳои 1920 21 бо иштироки занон дар шим. Тоҷикистон  шуъбаи тиббӣ ва нигаҳдории тандурустии кудакону модарон ташкил карда шуд. Аъзоёни нахустнни он Этель Бреслау, Маҳбуба Қодирова, Бибииззат Мирқобилова, Марьям Ҳотамбекова ва диг. буданд, ки дар ҷалб намудани занон ба корҳои ҷамъиятӣ хизмати калон карданд. Мудири Ш. з.-и Ташкилоти партиявии РАСС Тоҷикистон 3. А. Мақсудова буд. Дар ш. Душанбе раиси Ш. з. Ҷаҳонгирова С. буд. Ш. з. бо роҳбарии ташкилотҳои партиявӣ ва бо кумаки фаъолонаи комсомолон доираи амалиёти худро васеъ карда, бо иштироки занон шанбегиҳо, ҳафтаҳои коммунистӣ ва ғ. мегузаронд, дар давраи Ҷанги гражданӣ занонро ба дӯхтани либос барои аскарони сурх, ҷамъ кардани озуқа барои фронт сафарбар мекард. Ш. з. то с-ҳои 30 амал карда, дар озод намудани занони маҳаллӣ аз урфу одатҳои куҳна ва ҷалб кардани онҳо ба меҳнати ҷамъиятӣ кӯмаки калон расонд.

Ҳоло ба масъалаи занон Шурои республикавии занон машғул буда, вай занони республикаро ба иҷрои қарорҳои партиявии Давлати Советӣ сафарбар менамояд.

Ш. Ҷалилов, А. Қодиров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …