Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ШРИ-ЛАНКА

ШРИ-ЛАНКА

ШРИ-ЛАНКА (то 1972 Цейлон, дар маъхазҳои асримиёнагӣ Саран-деб), Республикаи Демократии Социалистин Шри-Ланка, давлатест дар Осиёи Ҷанубӣ, дар ҷаз. Шри-Ланкаи уқ. Ҳинд. Ба Иттиҳоди Британияи Кабир дохил аст. Масоҳ. 66,6 ҳаз. км8. Аҳолиаш зиёда аз 15 млн наф. (1986), асосан сингалҳо (70%) ва тамилҳо (22%). Аҳолии шаҳрӣ 22,4% (1971). Забони расмӣ сингалӣ. Аз 2/3 ҳиссаи аҳолӣ ба буддоия ва қариб 1/3 ҳиссааш ба ҳиндуия эътиқод дорад. Пойтахташ ш. Коломбо. 9 музофот дорад. Сардори давлат — президент. Органи олии қонунба pop — Ассамблеяи миллии давлатӣ.

shri-lanka

Бештар аз 80% ҳудуди мамлакаг пасту ҳамвор аст; қисмҳои ҷанубӣ ва марказиашро куҳсори зинаашакл (баландиаш то 2524 м — к. Пидуруталагала) фаро гирифтааст. Иқлимаш муссонии субэкваторӣ ва экваторӣ. Боришоти солона то 5000 мм. ҳарор. дар ҳамвориҳо 26—30‘С. Ҳамвориҳоро бешаҳои сернами тропикӣ ва паҳнкуҳҳоро алафу буттаҳо фаро гирифтаанд.

То ибт. а. 16 дар ҷазира якчанд давлати феодалии сингалҳо ва тамилҳо вуҷуд дошт. Дар а. 16 Шри-Ланкаро (ба ғайр аз ҳудуди давлати Канди) португалиҳо, дар а. 17 голландиҳо (нидерландиҳо) забт карданд. Аз нимаи дуюми а. 18 мулки Англия шуд; то с. 1802 дар ҳайати Ҳиндустони Британӣ ва с-ҳои 1802— февр. 1948 бо номн Цейлон мустамликаи алоҳида буд. Мустамликадорон ҳудуди Цейлонро ба манбан ашьёи хоми аграрии худ (қаҳва, каучук ва чой) табдил доданд. С-ҳои 1796, 1818 ва 1848 бар зидди ҳукмронии англисҳо шуришҳои калон ба амал омаданд. Ох. а. 19— авв. а. 20 ҳаракати маҳаллии озодихоҳӣ авҷ гирифт, ки ба он буржуазияи сингалҳо ва тамилҳо роҳбарӣ мекард. Авҷ гирифтани ҳаракати озодихоҳии миллӣ баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Британияи Кабирро маҷбур кард, ки ба ҷазира истиқлолият диҳад. Баъди ба даст даровардани истиқлолият (февр. 1948) сардорони давлат як қатор тадбирҳои прогрессивӣ андешиданд: базаи ҳарбии хориҷиро барҳам задаид (1957), сектори давлатиро дар иқтисодиёт вусъат доданд, ислоҳоти замин гузарониданд, дар сиёсати берунӣ роҳи бетараф ва дар блокҳои ҳарбӣ иштирок накарданро пеш гирифтанд. 22 май 1972 Ш.-Л. Республика эълон шуд. Аз с. 1957 бо СССР алоқаи дипломатӣ дорад.

Асоси иқтисодиёти Ш.-Л. хоҷагии қишлоқи плантационист, ки маҳсулоти он бештар ба хориҷа бароварда мешавад. Иқтисодиёт ба капитали хориҷӣ (хусусан капитали Англия) ва бозори берунӣ вобаста аст. Баъди ба даст овардани истиқлолият барои ривоҷи иқтисодиёт як қатор тадбирҳо андешиданд ва ислоҳотҳо гузаронданд. Инкишофи сектори давлатӣ барои пойдор гардидани иқтисодиёти мустақил ва ривоҷ ёфтани саноати миллӣ аҳамияти калон дорад. Заминҳои х. қ- 1/3 ҳиссаи ҳудуди мамлакатро дар бар мегиранд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: истеҳсол ва экспорти чой (дар як сол қариб 200 ҳаз. т), каучук (150 ҳаз. т) ва маҳсулоти норҷил (мағзу равғани он), инчунин шолӣ, арзан, ҷуворимакка, зироатҳои лубиёгӣ, батат, маниок, сабзавот кишт мекунанд; зироати адвиётӣ (мурч, дорчин, дел), техникӣ (растаниҳои наху равғандор) ва мева (банан, ананас) мепарваранд. Чорвои калони шохдор — говмешро асосан барои боркашонӣ истифода мебаралд. Аз баҳр моҳӣ ва марворид мегиранд. Саноат асосан аз корхонаҳои хурд ва косибӣ иборат аст. Ҳамаи корхонаҳои калони саноатӣ давлатианд. Графити аълосифат, илменит, рутин, цирков, намак ва сангҳои қиматбаҳо истихроҷ мекунанд. Истеҳсоли солонаи энергияи электрик зиёда аз 2,2 млрд кВт-с мебошад. Корхонаҳои саноати хурокворӣ (з-дҳои шолитозакунӣ, қанду шакар ва ғ.), бофандагӣ (комб-и бофандагӣ), саноати сабук (ф-каҳои пойафзолдузӣ ва ғ.) мавҷуданд. С. 1967 дар наздикии ш. Коломбо бо ёрии СССР нахустин з-ди металлургӣ ва з-ди шиша сохта шуд. Корхонаҳои мошинсозӣ ва коркарди металл барои корхонаҳои саноати сабук, х. қ., ва диг. соҳаҳо таҷҳизоту олоти гуногун тайёр мекунанд. Маркази асосии саноат — ш. Коломбо. Кулолӣ, бурьёбофӣ, бофандагӣ, заргарӣ, мисгарӣ ва кандакорӣ ҳунарҳои анъанавианд.

Тули умумии роҳи автомобилгард 27 ҳаз. км, роҳи оҳан—1,75 ҳаз. км (1985). Ба хориҷа чой, каучук, маҳсулоти норҷил бароварда, аз хориҷа озука, маснуоти саноатӣ, сузишворӣ ва ғ. мегирад. Асосан бо Британияи Кабир, РХХ, Покистон, ШМА, Ҳиндустон ва СССР алоқаи тиҷоратӣ дорад. Воҳидн пул — рупияи Ш.-Л.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …