Маълумоти охирин

ШОХ

ШОХ 1) шаҳ, шоха, шафша, шағ, шуғ, як қисми сербарги тана (поя)-и растаниро гӯянд. Танаи растанӣ дар давраи нашв дар баландии муайян Ш. мезанад. Ш.-ҳо дар навбати худ шохачаҳо меронанд.

Маҷмӯи Ш.-ҳо ба буттаву дарахт шакли муайян медиҳад;

2) шағ, шуғ, сарун, қисми устухонист, ки ба сари баъзе ҳайвонҳо (оҳу, гавазн, тағал, буз, гов, каркадан ва ғ.) мебарояд.

shagh

Баъзе хазанда (мас., цератопсҳо) ва ҳайвоноти ширхор, ки кайҳо аз байн рафтаанд, низ Ш. доштаанд. Ҳаҷм, шакл ва микдори Ш. ҳар хел аст. Мас., каркадан ё карк 1 ё 2-то Ш (дар болои бинӣ паси якдигар ҷойгиранд) дорад. Ш.-и ҳайвоноти ковокшох ҷуфт аст. Гавазнҳои нар одатан Ш. доранд; сабзидан ё афтодани Ш.-и онҳо ба кори ғадудҳои ҷинсӣ — гонадаҳо вобаста аст. Ш.-и ҳайвон аз қадим чун доруи маълум аст. Абуалии Сино Ш.-и бузу гавазнро сухта, доруи хокамонанди сафеде тайёр мекард ва барои табобати хунпартоӣ, ярақон, исҳоли хунин ва ғ. истифода мебурд. Ҳоло аз ғилофи Ш-и ҳайвонот ҳар гуна маснуот месозанд, аз устухонаш орд ва равғану ширеш мегиранд. Аз Ш.-и нарм, яъне панти гавазн (марал, гавазни холдорва ғ.)доруи Машҳури пантокрин тайёр мекунанд. 3) Шоха, шохоб, обест, ки аз наҳр ва руди калон ҷудо мешавад баъзан ба дарё ё наҳр мерезад. 4) пиёлаи шоҳӣ, шағ, шуғ як навъ қадаҳеро гӯянд, ки шохи ҳайфон месозанд. Фирдавсӣ гуфтааст:

Ба фолаш бад омад ҳаме ҷанги гург,

Шуғу гову рои ҷавони сутург.

М.Ҳоҷиматов

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …