Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ШОТЛАНДИЯ

ШОТЛАНДИЯ

shotlandiya

ШОТЛАНДИЯ як қисми маъмурию сиёсии Британияи Кабирро гӯянд. Қисми шимолии ҷаз. Британияи Кабир ва ҷазҳои ҳамшафатро ишғол мекунад. Баъзе ҳуқуқҳои автономӣ дорад. Масоҳ. 788 ҳаз. км2. Аҳолиаш 5,2 млн наф. (1981), асосан шотландиҳо, бо яке аз шеваҳои забони англисӣ гуфтугу мекунанд; забони адабӣ — анплисӣ. Ш. ба 9 музофоти маъмурӣ тақсим шудааст (аз 1975). Шаҳри асосиаш Эдинбург. Дар давраи қадим дар ҳудуди Ш. пиктамҳо ва гелҳо зиндагонӣ мекарданд; ох. а. 5— авв. а. 6 дар ин ҷо скоттҳо маскун шуданд (исми мамлакати скоттҳо аз ҳаминҷост). А. 11 шоҳии Ш. ба вуҷудомад. Кушишҳои (аз охири а. 13) Англия барои забт кардани Ш. ба муқобилати сахти халқи Ш. дучор шуд (с. 1314 Шотландиҳо қушуни Апглияро торумор карданд). Дар рафти реформация (миёнаи а. 16) калисои пресвитерианӣ (партияи сиёсии динӣ) таъсис карда шуд. Баробари ба тахти Англия нишастани сулолаи Стюартҳо (1603) Ш. бо Англия тавассути унияи шахсӣ муттаҳид гардид. С-ҳои 1651—52 Ш. ба зурӣ ба Англия ҳамроҳ карда шуд (расман  амроҳшавиаш с. 1707).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …