Главная / Гуногун / ШОСТАКОВИЧ Дмитрий Дмитриевич

ШОСТАКОВИЧ Дмитрий Дмитриевич

shostakovich-d

ШОСТАКОВИЧ Дмитрий Дмитриевич (25. 9. 1906, Петербург—9. 8. 1975, Москва), композитори советӣ. Арт. Халқии СССР (1954). Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1968). Аъзои КПСС аз с. 1960. Доктори илми санъатшиносӣ (1965). Яке аз композиторони барҷастаи муосир.  Дар асарҳояш бештар образу мавзӯъҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ, ҷиҳатҳои муҳимми воқеияти муосирро инъикос намудааст. Дар жанрҳои мухталифи мусиқӣ асарҳо офаридааст: операи «Катерина Измайлова» (1962), балети «Асри тиллоӣ» (1930), «Наҳри мусаффо» (1935), опереттаи «Москва, Черёмушки» (1959), 15симфония, достони симфонии «Қатли Степан Разин» (1967), 10 достон барои хор бидуни ҷуршавии созҳои мусиқӣ» бар матни ашъори шоирони инқилобӣ, асарҳои камеравӣ, мусиқӣ барои спектаклҳою кинофилмҳо ва ғ. Проф.консерваторияи Ленинград (аз 1939) ва Москва (аз 1943). Депутати Совети Олии СССР (аз с. 1962). Лауреат» Мукофоти байналхалқии Сулҳ (1954), Мукофоти ленинӣ (1958), Мукофоти Давлатии СССР (1941, 1942, 1946, 1950. 1952. 1968).

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …