Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШОПУРИ I

ШОПУРИ I

shapuri

ШОПУРИ I (с. тав. номаълум —ваф. 272), шоҳи Эрон аз с. 239 ё 241, писари Ардашери I. Дар давраи ҳукмрониаш ҳудуди давлаташро васеъ намуд. Қушуни Ш. I бо Рим ҷангида, с. 260 дар наздикии Эдесса император Валерианро шикаст дод. Дар аҳди Ш. I дар Эрон бисьёр корҳои ирригационӣ ва бинокорӣ анҷом дода шуданд. ӯ буньёдкунандаи ш. Гундишопур — маркази илмию фарҳангии пешазисломӣ дар Эрон аст. Дар катибаҳои аз давраи Ш. I боқимонда (дар Нақши Рустам) дар бораи ҳудуд, системаи давлатдорӣ ва ҷангҳои ӯ бо румиён маълумот оварда шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …