Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШОНИН Георгий Степанович

ШОНИН Георгий Степанович

shonin-g-s

ШОНИН Георгий Степанович (тав. 3. 8. 1935, ш. Ровенькии вил. Луганск, ҳозира вил. Ворошиловград), лётчик – кайҳоннаварди СССР, генерал-майори авиация (1977), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1969). Аъзои КПСС аз с. 1957. С. 1957 Омузишгоҳи ҳарбии авиациониро хатм намуд. Аз с. 1960 дар отряди кайҳоннавардон аст. 11—16 окт. 1969 ба сифати командири киштии кайҳонии «Союз-6» ҳамроҳи В. Н. Кубасов ба кайҳон парвоз кард. Ҳангоми парвоз усулҳои гуногуни кафшери металлҳо дар шароити кайҳон санҷида шудаанд. Бо ордени Ленин ва диг. ордену медалҳо мукофотонида шудааст.

Ас.: Самые первые, М., 1976.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …