Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШОНАИҲО

ШОНАИҲО

shonaiho

ШОНАИҲО (Ctenophora), як ҷинси ҳайвоноти бемуҳраи баҳриро гуянд, ки ба типи рудаковокҳо мансуб аст. Ш.-ро баъзан ба типи мустақил низ ҷудо мекунанд. Баданашон шаффоф аст. Ш. аз диг. рудаковокҳо бо узвҳои ҳаракаташон фарқ мекунанд. Ғайр аз ин Ш. нематоцит надоранд. Тани Ш. халташакл буда, дар як нугаш даҳон ва дар нуги дигараш узви ҳис доранд. Қариб 100 намудашон маълум аст. Дар чуқуриҳои гуногуни ҳамаи баҳрҳо паҳн шудаанд. Ш. дарранда буда, ғизояшон

ҳайвоноти планктонии хурд (аз ҷумла тухми моҳӣ ва моҳичаҳо) мебошад. Баъзе намудҳояшоя (мас., аз ҷинси Вегоё) диг. намуди Ш.-ро мехуранд. Аксар Ш. дар торикӣ  аз худ нур мебароранд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …