ШОММА, қувваи буёӣ, ҳисси буёӣ, яке аз ҳавоси панҷгонаро гӯянд, ки буйро ҳис мекунад. Амали мазкур тавассути аъзои Ш. сурат мегирад. Аъзои Ш. дар ҳайвону инсон аз рецепторҳо (дар қисми болои холигии бинӣ ҷой гирифтаанд), торҳои асаби ҳисси ба он марбут (то 20; аз рецепторҳо ба ҷавфи ҷумҷума мераванд), пиёзаки Ш., роҳи буиш (то қишри нимкураҳои калони майна меравад) иборат аст. Ҳангоми дуру дароз ҳис кардани бӯй одам ба он одат мекунад. Зуд пай бурдани бӯй ба ҳарорат, намии ҳаво ва ҳолати системаи асаб вобаста аст. Дар натиҷаи баъзе бемориҳо (мас.,
зуком) ва пиронсолӣ Ш. суст мешавад. Аз ҳад зиёд шудани қувваи буёиро гиперосмия ва заъфи онро гипосмия меноманд: ҳис накардани бӯй аносмия аст.