Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШОЛОХОВ Михаил Александрович

ШОЛОХОВ Михаил Александрович

scholohov

ШОЛОХОВ Михаил Александрович (24.5.1905, хутори Кружилин станицаи Вёшенская, ҳозира р-ни Вёшенская, вил. Ростов-21.2.1984, ҳамон ҷо), нависандаи совети  рус, академ. АФ СССР (1939), ду карат Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1967-80). Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз с.1932. Аъзои КМ КПСС аз с.1961. Дар мактаби назди калисо ва гимназия таҳсил кардааст. Дар Ҷанги гражданӣ иштирок намудааст. С.1922 ба Москва омада, ба рабфак  дохил шуд. Нашри ҳикояҳои Ш. дар газетаву журналҳо аз с.1923 оғоз ёфт. Ҳикоёти аввалинаш дар маҷмааҳои «Ҳикояҳои Дон» ва «Дашти лоҷувардгун» (ҳар ду 1926) гирд омадаанд. Мавзӯи онҳо ҷанги гражданӣ дар Дон, муборизаи синфӣ, орзуи мардум дар бораи ҷаҳони нав буд.

С. 1925   ба навиштани романи ҷаҳоншумули «Дони ором» (китобҳои 1-4, 1928-40); Мукофоти давлатии СССР, 1941 тарҷ.тоҷикӣ (1956-60) шуруъ кард. Ғояи асосии ин роман қонунияти таърихии инкишофи зиндагист. Аз ин рӯ сюжет, композиция, банду баст ва фарогирии воқеаҳо дар он мураккаб ва доманадор мебошад. Дар романи «Дони ором» анъанаҳои асари калонҳаҷми эпикӣ эҷодкорона идома ёфтаанд. Қаҳрамони асар халқ аст. Ҷаҳони шоиронаи Ш. ҷаҳони фоҷиаи олист ки дар он шахсиятҳои пӯрзуру тавоно дар лаҳзаҳои муҳими таърих амал мекунанд. Яке аз ингуна шахсон қаҳрамони ин асар Григорий Мелехов мебошад. Нависанда характери ӯро бо кулли ҳиссиёташ дар шароитҳои мухталиф ба қалам додааст. Ҳангоми рӯйдодҳои ҷиддии таърихӣ Григорий Мелеховро зарурати интихоби роҳи ояндаи ҳаёт пеш меояд. Мелехов аз баҳри дунёи кӯхна баромадааст, вале ҳаёти навро, к ибо мушкилот, машаққату муборизаҳои хунин шакл мегирифт фаҳмида натавониста дар натиҷа дар чорраҳаи таърих монд. Вай тавассути тасвири қисмату роҳи зиндагии Григорий Мелехов  дар инкишофи методи реализми социалистӣ ҳиссаи арзанда гузошт.

«Замини корамшуда» (китобҳои 1-2, 1932-60; Мукофоти Ленинӣ 1960; тарҷ. Тоҷикӣ 1934; 1965) эпопеяест, дар бораи с-ҳои 30 вадигаргуниҳои революционӣ дар деҳот. Китоби якуми роман, ки дар он  қаҳрамонони бисьёре амал мекунанд, оид ба масъалаи ташкили колхоз дар деҳаи Гремячий баҳс мекунад. Дар он ҷараёни дигаргуниҳои иҷтимоӣ, барҳам хурдани шаклҳои куҳнаи моликияти хусусӣ, ташакули муносибатҳои нави иҷтимоӣ хеле барҷаста тасвир ёфтаанд. Ш. ба воситаи образҳои коммунистон Давыдов, Разметнов ва Нагульнов моҳияти муҳимтарин ҳодисаҳои таърхиро ошкор кардааст. Дар китоби дуюм, ки воқеаҳои он нисбатан ором ҷараён гирифтаанд, ҷанбаи лирикӣ қувват ёфтааст.

Солҳои Ҷанги Бузургп Ватанӣ (1941—45), очеркҳои Ш. «Дар Дон», «Дар Ҷануб», «Казакҳо» ва ғ. ба табъ расиданд. Махсусан ҳикояи «Дарси кинаву адоаат» (1942; тарҷ. тоҷ. 1942) шуҳрати зиёд (ёфт. С-ҳои 1943—44 дар г-ҳои «Правда» ва «Красная

Звезда» бобҳои ҷудогонаи романи «Онҳо дар роҳи Ватап меҷангиданд» (тарҷ. тоҷ. ин бобҳо, 1949) чоп шуданд варианти нав —1960). Ш. дар ин роман зиндагии пурташвиши мардуми советиро дар ақибгоҳ, саҳнаҳои корнамоиҳои аскарони советиро дар майдони ҷанг, умуман қаҳрамони тамоми одамони советиро дар давран Ҷанги Буэурги Ватанӣ тасвир кардааст.

Ҳикояи «Қисмати одам» (1956—57; тарҷ. тоҷ. 1958) дар адабиёти советӣ асари марҳилавие гардид. Дар он қиссаи фоҷиавии зиндагии қаҳрамони acap — Андрей Соколов вобаста

ба воқеоти ҷанг, ки дар ҳаёти халқ, давлат ва ашхоси ҷудогона санҷиши бузурги таърихӣ  буд, мавриди тадқиқ қарор гирифтааст. Ғояи маркзини ҳикоя боварӣ ба ғалабаи қувваҳои нек, одамият, сохти пешқадами иҷтимоӣ ва тавсифи диловарию қаҳрамонӣ мебошад.

Ш. ҳамчун устоди маъруфи методи реализми социалистӣ дар инкишофи санъату адабиёти умумиҷаҳонӣ ҳиссаи арзанда дорад.

Нуфузи асарҳои Ш. дар байни хонандагони тоҷик ва таъсири онҳо ба адабиёти реалистии тоҷик хеле калон асг. Садриддин Айнӣ муҳаррири тарҷумаи тоҷикии «Замини корамшуда» буд. Дар «Ғуломон»-и С. Айнӣ таъсири ин асари Ш. дида мешавад.

Ҷалол Икромӣ якумин романи худ «Шодн»-ро дар зери таъсири «Замини корамшуда» таълиф намудааст.

Ш. депутати Совети Олии СССР (Даъватҳои 1-10), аъзои Совети Умумиҷаҳонии Сулҳ, доктори фахрии илмҳои филологияи унт-ҳои Ростови Дон ва Лейпциг, доктори фахрии ҳуқуқи ун-ти Сент-Андрус буд. Бо 5 ордени Ленин, 2 ордени диг. ва медалҳо мукофотонида шудааст. Лауреати мукофоти Нобелӣ (1965).

Ос.: АС. мунт., ҷ-ҳои 1—8, Д., 1978—l981.

Ад: Муосири бузурги мо. Маҷмуаи мақолаҳо. Д-1975; Якименко  Л. Творчество М. А. Шолохова. М„ 1977.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …