Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШОКИР Лутфуллоҳ

ШОКИР Лутфуллоҳ

ШОКИР Лутфуллоҳ (с.тав.ва ваф.номаълум), шоир ва донишманди тоҷик (а.17). Олими соҳаи фиқҳ, ҳадис, баён, тафсир, фалсафа, нуҷум, мантиқ, наҳв буд. Дар давраи Субҳонқулихон (ҳукм.1680-1702) Ш. дар дарбор буд. Баъдтар онро тарк кард ва ба кори тадрис ва таълифи асарҳои илмию бадеӣ машғул шуд. Ш.устоди муаммо ва яке аз муфассирони «Шабистони нукот ва гулистони луғот»-и Фаттоҳии Нишопурӣ буд. Малеҳои Самарқандӣ ба Ш. девони ғазалиёт, девони қасоид, маснавиҳои «Лайлӣ ва Маҷнун», «Хусрав ва Ширин» ва рисолаеро доир ба нуҷум нисбат додааст. Ш. инчунин «Ахлоқи-ҷалолӣ»-ро ба назм даровардааст. Ғазалҳо, қасоид ва қитъаҳову абёти парокандаи Ш. дар «Музокир-ул-асҳоб»-и Малеҳои Самарқандӣ, радоифулашъорҳо ва баёзҳои а.19 «Намунаи адабиёти тоҷик»-и С.Айнӣ ва ғ. ба назар мерасанд.

Ад.: Мирзоев А. Сайидо и его место в истории таджикской титературы, Сталинабад 1954,  Алиев Г.Ю Темы и сюжеты Низами в литературах народов Востока., М.1985.   

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …