Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШОКАРИМОВ Юлдош

ШОКАРИМОВ Юлдош

ШОКАРИМОВ Юлдош (28.8.1937, ш.Ленинобод), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ. Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз с.1966. С.1961 Ин-ти политехникии Киев ва с.1981 Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ  КПСС-ро (ғоибона) хатм намуд. С-ҳои 1961-65 инженери калони «Тоҷикпроавтоматика» ва дигар ташкилотҳои Вазорати саноати электронии СССР, 1965 ҷонишини сардори Управленияи техникии Советии хоҷагии халқи РСС Тоҷ, 1965-68 саринженери «Тоҷикпроавтоматика», 1968-69 мудири шуъбаи саноат, нақлиёт ва алоқаи Комитети назорати халқии РСС Тоҷ., 1969-75 ҷонишини мудири шуъбаи сохтмон ва хоҷагии шаҳрии КМ ПК Тоҷ.,1975-78 котиби якуми комитети партиявии р-ни Марказӣ, июн-дек.1978 мудири шуъбаи саноату нақлиёти КМ ПК Тоҷ., 1978-83 котиби якуми Комитети партиявии ш. Душанбе, 1983-87 раиси Комитети давлатии РСС Тоҷ., оид ба меҳнат. Аз окт.1987 раиси Комитети давлатии РСС Тоҷ., оид ба меҳнат ва масъалаҳои социалӣ. Депутати совети Олии РСС Тоҷ.(даъвати 10-11). Бо Орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …