Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Шоҳзода Абдуллатиф

Шоҳзода Абдуллатиф

Абдуллатиф (1423, Ҳирот- 8. 5. 1450, Самарқанд), шоҳзодаи сулолаи темуриён, писари Улуғбек. Дар тарбияти Абдуллатиф бобояш Шоҳрух ва модаркалонаш Гавҳаршодбегим нақши муассире доштаанд. Абдуллатиф дар юришҳои султон бевосита ширкат дошта, пас аз марги Гавҳаршодбегим дар раъси сипоҳи темуриёни Ҳирот қарор дошт. Соли 1447 миёни Абдуллатиф ва шоҳзода Алоуддавла барои касби нуфуз дар Хуросон задухурд ба амал омад ва дар ҷанги Нишопур ба дасти рақибаш асир шуд.

Абдуллатиф  бо дахолати падараш аз асорат озод гардид ва ҳукумати вилояти Балхро соҳиб шуд. Абдуллатиф бо ҳадафи соҳиб шудан бар тахти Самарқанд бо ҳамдастии шоҳзодаи темурӣ Абулқосим Бобур ва бекҳои темурӣ алайҳи падараш Улуғбек қиём кард ва баъд аз муборизаи дусола (1449) дар деҳаи Димишқи Самарқанд соҳиби тахт шуд. Абдуллатиф дар таърих бо номи шоҳзодаи падаркуш маъруф аст.

Бо ризояти ӯ пада­раш ва бародараш Абдулазиз Мирзо ба қатл расидаанд. Абдуллатиф пас аз шаш моҳи салтанаташ (1450) ба тавассути навкари хоси Улуғбек ба исми Бобо Ҳусаин Баҳодур кушта шуд. Абдуллатиф шахси худхоҳу шӯҳратпараст, вале дар айни замон аз ихлосмандони улум, таъриху фалсафаву илоҳиёт буд ва гоҳе дар шеър ҳам ҳунарозмоӣ кардааст.

Ад.: Бартольд В. В., Сочинения, т. П, 2. Работы по отдельным проблемам истории Сред­ней Азии. Улугбек и его время, М., 1964.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …