Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШОҲТАРАИҲО

ШОҲТАРАИҲО

ШОҲТАРАИҲО, шотараиҳо  (Fumariaceae), як оилаи растаниҳои дупалларо гӯянд. Ш. қариб 400 намуд (16 ҷинс)-и гиёҳҳоро дарбар мегиранд. Барги онҳо одатан чок-чок аст; баргҳо дар бехи поя ё поя (пайдар ҳам ё рӯ ба рӯ) ҷой мегиранд. Гули майдаи базеб. 4-барга (2-то аз дарун ва 2-то аз берун ҷойгиранд), дуҷинса, руяки якпалла ё «чормағзак» ва тухми майда доранд. Дар СССР 70 намуди Ш. маълуманд. Дар Тоҷикистон 3 ҷинси Ш.— лолаи маҳмез (14 намуд), шоҳтара (танҳо як намуд) ва цистикоридалис — Cystico-rydalis (гиёҳи бисьёрсолаест, ки то 20 см қад мекашад; дар санглох ва нишебиҳои серсангу регдор ва шибарҷойҳои баландкуҳ дар баландиҳои 3100—4500 м аз с. б. месабзад) нашъунамо мекунанд.

shohtaraiho

Бисьёр Ш. растаниҳои доруӣ ва заҳрноканд (Cofydalis ledebouriana, С. cevertzovii, Fumaria vailantii ва г.). Дар беду баргу пояи Ш. ба миқдори зиёд алкалоидҳои гуногун (сангвинарин, протопин, Аллокриптонин ва ғ.) ҳастанд. Баъзеи онҳо (мас., сангвинарин) аҳамиятя доруӣ доранд. Шираи шоҳтараро барои табобати хоришак ва ғалаёни хун (гипертония) тавсия додаанд. Баъзе Ш. (мас., ҳавоборонак) гули навбаҳоранд.

Ад.: Травянистые растения СССР, т. 1, М., 1971; Флора Таджикской ССР, т. 4, Л., 1975.

М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …