Маълумоти охирин

ШОҲРУД

tor

ШОҲРУД, асбоби қадимии мусиқист, ки ба чанг монанд аст. Ш. шакли трапециявӣ ва росткунҷаро дорост. Сохти Ш.; қуттии резнаторист, ки аз болояш торҳои зиёде (сегона) кашида мешаванд. Гушакҳояш дар тарафи рост. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои қадимӣ Ш. дар а-ҳои 8—9 аз тарафи сокинони куҳистони назди Самарқанд (аз тарафи Абуҳафсл Суғдӣ) гихтироъ шуда, сппас ба давлатҳои Сурия, Миср ва Байнаннаҳрайн пайдо гардидааст (маълумоти Абунасри Форобӣ), ки он барои навохтани мусиқии халқҳои гуногун хеле мувофиқ будааст. Аз ин рӯ онро «Шоҳи рудҳо» номидаанд. Дар ибтидо Ш. ба шакли қуттии чоркунҷаи резонаторӣ буда, ба он торҳои бисьёр кашида мешудааст. Ба гуфтаи Форобӣ баъдтар Ш. дар Арабистон номи қонунро гирифтааст. То ҳол дар он сарзамин ва Эрону Озарбойҷон ва Арманистон бо ии ном машҳур аст. Шакли росткунҷаи Ш.-ро нузҳ номидаанд, ки аз чуби шамшоду сарв месохтаанд ва зиёда аз 100 тор доштааст. Аксар торҳои он сегона буда, торҳои ягона ҳам доштааст.

Қонун ва нузҳа бо ангуштон ё мизроб навохта мешаванд.

И. Раҳимов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …