Маълумоти охирин

ШОҲРАГ

shohrag

ШОҲРАГ, абҳар, вадаҷ, ворта, артерияи асосии даври калони гардиши хун, ки ҳамаи аъзои баданро бо хун таъмин мекунад. Девораи Ш. аз қабатҳои дохилӣ (аз ҳуҷайраҳои эндотелиалӣ иборат аст), мобайнӣ (нахҳои сершумори чандир дорад) ва берунӣ (аз дастаи нахҳои бофтаҳои пайвасткунанда ташкил ёфтааст) иборат буда, бинобар чандириаш дар артерияҳо мунтазам ҳаракат кардани хунро таъмин менамояд. Ш.-и одам, ҳайвоноти ширхур ва паррандаҳо аз меъдачаи чапи дил cap шуда, дар аввал пиёзаки Ш.-ро ташкил медиҳад; баъд боло рафта (Ш.-и болорав), дар одаму ҳайвоноти ширхур ба ақибу (камони Ш.) чап ва дар паррандаҳо ба ақиб ва рост тобхурда, поён меравад (Ш.-и поёнрав ё пушт). Ниг. низ Гардиши хун.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …