Маълумоти охирин

ШОҲИН

shohin

ШОҲИН (Arcipiter gentilis), як навъ паррандаи соҳибчанголро гӯянд. Бино ба таснифоти зоологӣ ба оилаи лочинҳо (Accipitridae) мансуб аст. Дарозиаш 52—70 см, вазнаш 0,55—1,8 кг. Модина аз наринааш калонтар аст. Болҳояш кутоҳу думаш дароз аст. Тахтапушташ кабуд, шикамаш рахҳои кундаланг дорад. Ш. асосан дар зонаи бешазори Европа, Осиё, Америкаи Шимолӣ ва куҳҳои қисми ш. ғарбӣ Африка паҳн шудааст; паррандаи муқимӣ, баъзан ба диг. ҷойҳо низ мекучад. Дар дарахт лона мегузорад; тухмҳоро (3—4-то) асосан модинааш (қариб 35 шаборӯз) зер мекунад. Ғизои Ш-паррандагони дигар ва ҷонварони ширхури баробари харгӯш аст. Ш. баъзан ба хоҷагии шикор зарар мерасонад (аз сабаби кам будани Ш. зарари он ночиз ҳисоб мешавад). Ш. чун паррандаи шикорӣ низ истифода мебаранд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …