Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ШОҲИИ ЮНОНИИ БОХТАР

ШОҲИИ ЮНОНИИ БОХТАР

bactriankingdom

ШОҲИИ ЮНОНИИ БОХТАР, номи давлати ғуломдорӣ дар Осиёи Миёна, ки дар ибтидо терр. Бохтар, Суғд, Мариғён ва эҳтимол, қисман Чочу Фарғонаро дар бар мегирифт. Ш. Ю. Б. тақр. с. 250 то м. дар натиҷаи таназзули империяи Селевкиён ва аз он ҷудо шудани мулкҳои ҳозираи Осиён Миёна ба вуҷуд омад. Асосгузораш воли (эпарх)-и Бохтар Диодот буд. Диодот ба аъёну ашрофи юнонишудаи маҳаллӣ, ки аз Селевкиён ҷудо шудан мехостанд, такья карда, аз авҷи  ҳаракати озодихоҳии халқҳои Осиёи Миёна бар зидди ҳукмронии Юнону Мақдуния истифода бурд ва худашро шоҳ эълон кард. Минбаъд ҳудуди Ш. Ю. Б. дар натиҷаи юришҳои ворисони Диодот (хусусан Деметрийи I) хело вусъат ёфт, вале пояи давлат ноустувор буд. Тақр. с. 175 то м. Ш. ю. Б. ба шоҳиҳои Ш.Ю. Б. ва юнонии Ҳинд ҷудо шуд. Дар Ш. ю. Б. Евкратид соҳиби тахту тоҷ гардид. Дар аҳди у Ш. ю.Б. охирин давраи тараққиёти худро аз сар гузаронд. Евкратид ба тахт нишаст ва унвони «Сотер» («Наҷотбахш»)-ро гирифта бо ҳамин гуё таъкид кардан мехост, ки вай Бохтарро аз Деметрий наҷот додааст.

Минбаъд у ҳокимияташро дар Бохтар пурзур намуд. Тақр. с. 155 Евкратидро писараш Гелиокл кушт. Аз нимаи дуюми а. 2 то м. давраи инқирози иқтидори сиёсии Ш. ю. Б. фаро расид. Дар аҳди Гелиокл дар натиҷаи болоравии ҳаракати озодихоҳии халқҳои Осиёи Миёна бар зидди ҳокимони юнониибохтарӣ ва аз шим. шарқи мамлакат ҳуҷум кардани йуҷиҳои бодиянишин Ш. ю. Б. байни с-ҳои 140—130 то м. барҳам хурд ва ба ҷои он давлати Кушониён таъсис ёфт. Дар натиҷаи ҳафриёти археологӣ бисьёр ёдгориҳои археологии давраи Ш. ю. Б., ба монанди Кайқубодшоҳ, Баҳром, Ойхонум, Саксанохур ва ғ. кашф гардиданд. Робитаи тамаддуни Бохтар бо маданияти бои Ҳиндустон, юнониён ва Шарқи эллинӣ самараи бузург бахшид. Маҳз дар давраи мавҷудияти Ш. ю. Б. дар Осиёи Миёна буддоия паҳн гардид, вале зардуштия мавқеи худро гум накард, зеро аксари аҳолии маҳаллӣ ба вай эътиқод дошт.

Ад.: Ғафуров Б. Г., Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна, китоби аввал. Д., 1983; История таджикского народа, т. 1, М., 1983.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …