Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШОҲИИ САБЗАВОРӢ Амир Оқмалик

ШОҲИИ САБЗАВОРӢ Амир Оқмалик

ШОҲИИ САБЗАВОРӢ Амир Оқмалик ибни Малик Ҷамолуддини Фирӯзкуҳӣ, мутахаллис ба Амир Шохӣ (1385, Сабзавор —1453,Астаробод), шоири форс-тоҷик. Аҷдодаш аз бузургони сарбадорон буданд. Пас аз шикасти сарбадорон дар дарбори Бойсунқу Мирзо надим шудааст. Баъди чанде аз дарбор рафта, дар Сабзавор ба замине, ки аз падараш мерос монда буд, ба деҳқонӣ машғул шуд. Мувофиқи маълумоти Давлатшоҳи Самарқандӣ («Тазкират-уш-шуаро») Ш. С дар байни аҳолии Сабзавор обрӯю эътибори калон пайдо карда, аҳли фазлу адаб ҳамсуҳбатиашро мехостаанд ва уро иззат мекарданд. Ш. С.шоири ғазалсаро буда, бештар ғазалҳои ошиқона сурудааст. Девони ғазалиёташро худаш интихобан тартиб додааст. Ғазалҳояш ҳаҷман хурд буда (аз 5 то 7 байт), дар онҳо маъниҳои мухталифро бо ибороти покизаву санъатҳои бадеӣ баён кардааст. Ашъораш ба қавли Абдурраҳмони Ҷомӣ, Навоӣ дар салосату латофат бебаҳост. Ш. С. ба ҷуз шеъру шоирӣ дар анвои дигари ҳунар —хаттотӣ, наққошӣ, мусиқинавозӣ ва ғ. маҳорати том доштааст.

Ос.: Мунтахаби ашъор, Д., 1987.

Ад.: Бертельс Е. Э., Навои и Джами, М., 1965.

С.Воҳидов

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …