Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШОҲИДИ ИСТАРАВШАНӢ Юнусхоҷа

ШОҲИДИ ИСТАРАВШАНӢ Юнусхоҷа

ШОҲИДИ ИСТАРАВШАНӢ Юнусхоҷа (1803, Истаравшан, ҳозира Уротеппа—1884, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Маълумоти ибтидоиро дар пеши волидайнаш гирифта, баъд таҳсилро дар мадрасаи Кукалтоши Бухоро давом дод. Аа хурдӣ ба шеъргуӣ сар кард. У девони комили ғазалиёт дорад. Ба «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ ҷавоб гуфта будааст. Зиёда аз 100 ғазал ва чанд мухаммасу мусаддасҳои Ш. И. аз дафтару баёзҳои қаламии а. 18 гирд оварда шудааст. Ғазалҳояш асосан ошиқона буда, гоҳо афкори ахлоқиро ҳам дар бар гирифтаанд.

С. Султонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …