Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Шоҳи Ошурбонипал

Шоҳи Ошурбонипал

Ошурбонипал, шоҳи давлати Ошур (ҳукмронии 669—тақрибан 633 то милод). Барои истиқлол ва васеъ кардани ҳудуди давлати Ошур муборизаи ҳарбӣ ва дипломат бурд. Дар Ҷануб бо иттифоқи зиддиошурӣ, ки сардори он ҳокими Бобулистон бародараш Шоматашшумукин буд, ҷангид.

Соли 648 Бобулистонро ишғол намуда, иттифоқчиёни он (Элам, оромиҳо, халдейҳо ва дигар)-ро торумор кард. Соли 639 ба муқобили қабилаҳои араб юриш ташкил намуд. Бо фармони Ошурбонипал даҳҳо ҳазор матнии таърихӣ, динӣ, соҳирӣ ва илмӣ гирд оварда шуданд. Солҳои 1849—54 дар ҷои Ниневия (теппаи Қуюнҷиқ) дар натиҷаи ҳафриёт китобхонаи Ошурбонипал ёфт шуд.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …