Маълумоти охирин

ШОҲГАЗ

ШОҲГАЗ, яғз (Gleditsia), як ҷинси дарахтони хазонрезест аз оилаи лӯбиёиҳо. То 7 м қад мекашад. Пустлохаш пурчин, танаву шохаҳояш хорҳои калон-калони нугтез (то 7 см) доранд. Баргаш паршакли дароз (то 20 см), гулаш сабзтоби майда, як ва дуҷинса. Мевааш ғилофак ва тухмаш наскшакл. Дар дуньё тақр. 15 намуди Ш. мерӯяд. Дар СССР (Закавказияи Шарқӣ) фақат як навъи худрӯи Ш. вомехурад; 7 намуди онро низ мепарванданд. Махсусан як намуди Ш.-и (I. triacanthos, кит. расм) дар сабзкории шаҳру деҳоти ҷан. Қисми европоии СССР ва Осиёи Миёна фаровон истифода мебаранд. Ш. хиёбону кучаҳо ва чорбогҳоро оро» медиҳад. Дар ҷангалдорӣ низ аҳамияти калон дорад.

shohgaz

В.В. Каримова

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …