Маълумоти охирин

ШОҲБОЗ

shohboz

ШОҲБОЗ, шаҳбоз (Falco cher rug), паррандаи соҳибчанголест аз оилаи боз. Дарозии танааш то 60 см, боли кушодааш то 130 см. Болу пари тахтапушташ бурӣ хокистарранг, парҳои шикамаш алобуло. Дар минтақаҳои дашту бешадашт ва куҳҳои Европаи Ҷан. Шарқӣ ва Осиё лона мегузорад. Зимистонро дар ноҳияҳои ҷануб, Ҳиндустон ва Африка мегузаронад. Ш. Дар Тоҷикистон паррандаи муқимист. Сайдро дар ҳаво медорад, вале аз рӯи замин ҳам сайд карда метавонад. Ҳар гуна ҷонварҳоро мехурад, аз он ҷумла хояндаҳои зараррасонро нест мекунад. Ш.-ро барои шикори паррандаҳои нибатан калонҷусса, иичунин заргуш ва ҳатто оҳу истифода мебаранд.

Ад,: Флиндт В. Е„ Вёмр Р.Л (ва диг.) Птицы СССР, м. 1968 Абдусалямов И.А. Фауна Таджикской ССР т. -19, ч. I,’ Птыцы Д-1971

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …