Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШОФУТУР МУҲАББАТШОҲЗОДА

ШОФУТУР МУҲАББАТШОҲЗОДА

ШОФУТУР МУҲАББАТШОҲЗОДА (лақабаш Охунд   Шофтур 1869  Поршнев—1959, Синдеви ВАБК), xaтот, шоир, муаррих ва аввалин муаррих ва аввалин муаллими советӣ дар Бадахшон. Маълумоти ибтидоиро аз падараш гирифтааст. Пас аз ғалабаи Рев. Каб. Соц. Октяорь дар нахустин мактаби советӣ дар Хоруғ муаллим буд. С-ҳои  25 аз китоби ягонаи алифбо чандин нусха руйнавис карда, дар дарсҳо истифода бурдааст. Баъди ба нафақа баромаданаш (1929) Музеи кишваршнносии вилоятиро ташкил кард. Ш. М. ғазал, қасида, мусаммат ва рубоӣ дорад. Ба дигар жанрҳо низ шеър навиштааст. Тараннуми Партияи коммунистӣ ва сохти советӣ мавзӯи асосии ашъори ӯ мебошанд. Рисолаи Ш. М. «Таърихи Бадахшон» қимати таърихӣ дорад.

Ад.: Пулодӣ Т., Шоирони халқии Бадахшон. Д., 1961; Ҳабибов А., Ганҷи Бадахшон, Д., 1972. В. Раҳматов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …