Маълумоти охирин

ШОДИЁНА

ШОДИЁНА, зарби қадимии доире ва нағора, ки бо ҳамовозии сурнай иҷро мешавад. Ш.-ро асосан ансамбли хоси иборат аз сурнай, карнай, нақора ва 2—3 дойра иҷро мекунад,

Ш. оҳанги рақсӣ буда, ҳангоми туй, базм, рузҳои ид, саршавии ягон ҷамъомад ва ғ. иҷро мешавад. Ш. аз ҷиҳати зарб ва усул ба чанд намуд ҷудо мешавад. Дар рисолаҳои мусиқии Ш.-и туркӣ (бо зарби «туркӣ» иҷрошаванда), Ш.-и ҷуфтӣ (дар шаби туи арусӣ навохташаванда) ва ғ. номбар шудаанд. Шакли оҳангии Ш. дар «Шашмақом» низ ба назар мерасад. Ш.-и «Шашмақом» аз дигар шаклҳои дар рисолаҳо зикршуда аз ҷиҳати зарбу усул фарқ мекунад. Ш.-и замонавии рақсӣ дар ох. с-ҳои 30 аввалин бор аз тарафи доирадасти моҳир А. Ҳомидов навохта шуда, дар ҳавои он Арт. Хизматнишондодаи РОС Тоҷ. О. Исомова рақсидааст. Ин Ш.-ро балетмейстер Ғ. Валаматзода аз зарбҳои гуногуна рақсӣ (ҷашнободӣ, ларзон, вальсӣ, нақоравӣ ва ғ.) тартиб додааст. Пас аз чанде бо таҳрири нав (с.-ҳои 1965 —66 аз тарафи Ғ. Валаматзода) рақси Ш.-ро Малика Қаландарова иҷро кард.

И. Раҳимов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …