Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШОДИҚУЛОВ ҲАМРОҚУЛ

ШОДИҚУЛОВ ҲАМРОҚУЛ

ШОДИҚУЛОВ ҲАМРОҚУЛ (тав. 18.5. 1938, деҳаи Чоршанбеи вил. Самарқанд), адабиётшиноси советии тоҷик. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз с. 1964.

Шуъбаи тоҷикии фак-ти филологияи Ун-ти давлатии Самарқандро хатм кардааст (1961). Аз с. 1963 дар Ин-ти забон ва адабиёти АФ РОС Тоҷ. кор мекунад: котиби илмӣ (1968 —70), ҷонишини директор (1970— 87), аз с. 1987 мудири шуъбаи робитаҳои адабӣ.

Нахустин мақолаҳои адабию танқидӣ ва тақризҳояш с. 1961 дар саҳвфаҳои матбуот чоп шудаанд. Доир ба масъалаҳои адабиёти муосири тоҷик, танқиди адабӣ ва адабиётшиносӣ, равобити адабиёти тоҷик бо адабиёти рус ва диг. халқҳои СССР, пайвандҳои байналхалқии адабиёти тоҷик ва ғ. 200 мақола, рисолаи илмӣ, монография ва ғ. таълиф кардааст. Ш. ба мунтахаботи шоирони советии тоҷик X, Юсуфӣ, С. Рабиӣ ва осори тарҷумашудаи нависандагони русу советӣ Л. Н. Толстой, А.П.Чехов, В.В.Маяковский ва диг.  Сарсухан навиштааст. Яке аз муаллифони «Таърихи адабиёти советии тоҷик» (6 ҷилд) ва нашри русии он дар (2 ҷилд), инчунин муҳаррир ва мураттиби маҷмӯаҳо ва асарҳои илмии зиёде мебошад. Аз соли 1974 узви ИН СССР.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …