Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШОДИЕВ Эргашалӣ Шодиевич

ШОДИЕВ Эргашалӣ Шодиевич

ШОДИЕВ Эргашалӣ Шодиевич (тав. 1. 10. 1932, Конибодом), адабиётшиноси советӣ, доктори илмҳои филология (1973), проф. (1973). Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз с. 1958. Пас аз хатми Ин-ти давлатии педагогии Ленинобод (1955) дар ҳамон ҷо муалллим (1956—67), мудири кафедраи адабиёти узбек (1967—69) ва ходими калони илмшинос (1970—72) буд. Аз с. 1973 профессори ҳамин кафедра. Тадқиқоташ ба масъалаҳои равобити халқҳои тоҷику узбек оиданд. Ш. оид ба эҷодиёти Нозили Хуҷандӣ, Фанои Истаравшанӣ, Хозиқ, Кимбархони Хуҷандӣ, Бифазилати Хуҷандӣ ва диг. мақолаҳо навиштааст. Яке аз муаллифони китоби пандҷилдаи «Таърихи адабиёти узбек» (1978—81). Бо Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷ. мукофотонида шудааст.

Ос.: Шоираҳои то инқилобии Хуҷанд, Д., 1986; Хуҷанд шоирлари ва узбек адабиёти, Д., 1986.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …