Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШОДӢ САТТОР

ШОДӢ САТТОР

ШОДӢ САТТОР (Сатторов Шодӣ Қарабоевич; тав. 3.2.1944 деҳаи Чорбоғи р-ни Панҷакент), шоири ӯзбекзабони Тоҷикистон. Фак-ти таърихи УДТ-ро хатм кардааст (1973). Дар идораҳои газетаҳои «Зарафшон» (Панҷакент) ва «Коммуна» (Орҷонкидзеобод) кор кардааст. Аз с.1965 мухбири калони н. «Совет Тожикистонӣ». Шеърҳояш аз с.1960 чоп мешаванд. Ш.С.асосан барои бачагон ва наврасон шеър менависад. Муаллифи маҷмӯаҳои «Зангӯла» (1971), «Ин қадар ширин» (1980), «Сӯйитурғай» (1981) мебошад. ӯ шеърҳои алоҳидаи шоирони тоҷик М. Миршака, У.Раҷаб, Бобо Ҳоҷӣ, Гулчеҳра, М.Фарҳат, Н.Розиқро ба ӯзбекӣ тарҷума кардааст. Баъзе шеърҳояш ба забони тоҷикӣ, русӣ, қазоқӣ, туркманӣ, ӯйғурӣ, тарҷума шудаанд. Узви ИЖ аз с.1978 ва ИН СССР аз с.1986.

Т.Шокиров

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …