Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШОДӢ ҲАНИФ

ШОДӢ ҲАНИФ

ШОДӢ ҲАНИФ (Ҳанифов Шодӣ; тав. 10.3.1934, деҳаи Оҳалики вил. Самарқанд, РСС ӯзбекистон), нависандаи совети тоҷик. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз с.1964. Шӯъбаи тарҷмумонии УДТ-ро хатм намудааст (1958). Дар г. «Тоҷикистони советӣ», Нашриёти «Ирфон», Вазорати Маданияти РСС Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1986 директори шуъбаи фонди адабии СССР дар Тоҷикистон. Асарҳояш аз аввалҳои солҳои 60 чоп мешаванд. Ҳикояҳои аввалинаш барои баччаҳои таълиф ёфтаанд. (Маҷмӯам «Майна» 1968). Солҳои охир бештар очерк менависад. Дар очеркҳои ӯ бештар фотеҳони водии Вахш («Диловарони Вахш», 1973), меҳнати пурсамар ва зиндагии пурфайзи муосирони мо (маҷ-ҳои «Дидор» 1974; «Кӯҳ ба кӯҳ мерасад», 1976) тарранум гардидаанд. Муаллифи повести «Оҳугузар» (1975). Романи Ш.Ҳ  «Ҷон ба гарав» (1980)-аз рӯзгори академик Е.Н.Павловский, повести «Шикасти офат» (1986) аз фурӯ рехтани кӯҳ ба дарёи Зарафшон ва талоши мардум барои бехатар кардани он ҳикоят мекунад.  Ба қалами ӯ инчунин, пьессаҳои «Домоди шаҳрӣ» (1976), «Санҷиш» (1980), «Моҷарои обфурӯш» (1986), таалуқ доранд. Аз с.1975 узви ИН ССР.

Бо ордени «Нишони Фахрӣ» (1986), Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС ӯзб. ва Грамотаи Президиуми Совети олии РСС Тоҷикистон  мукофотонида шудааст. Лауреати Мукофоти ИЖ РСС Тоҷ. ба номи Абулқосими Лоҳутӣ (1987).

Ос.Такяи қуллаҳо. Д.,1984; Ҷони падар., Д.,1986.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …