Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШИРХУРҲО

ШИРХУРҲО

ШИРХУРҲО, ширмакҳо, (Mammalia), як синфи ҷонварони муҳрадорро гуянд. Ш. ҳайвоноти зиндазой буда, бачаашонро бо шир парвариш мекунанд. Дар рӯи замин, теппаи дарахт, хок, об ва ҳаво зиидагӣ мекунанд. Дарозиашон аз 3,8 см то 30 м ва зиёда аз он; вазнашон аз 1,5 г то 150 т.  Аҷдоди қадимаи Ш. хазандаҳои даррандамонанди эраи мезозой (е-rapsida) ҳисоб мешаванд. Ш. 160— 170 млн сол пеш (давраи триас) вуҷуд доштанд.

shirxurho

Ш.-и ҳозира 19 қатор (отряд), 118 оила ва қариб 4000 намуд доранд. Олами ҳайвоноти РСС Тоҷикистон 84 намуди Ш. (аз ҷумла ҳашаротхурҳо 7, дастболҳо 18, заргушшаклҳо 3, хояндаҳо 29, даррандаҳо 20 ва ҷуфтсумҳо 7)-ро дар бар мегирад. Дар Тоҷикистон Ш. аз ҳамворию биёбонҳо cap карда, то баландкуҳҳо зиндагӣ мекунанд. Мас., дар биёбон ва минтақаҳои нимбнёбони доманакуҳҳо қариб 40, бешазорн куҳҳо 38, баландкуҳҳо 24—25 намуди Ш. маскунанд, дар Помир ҳамагӣ 15 намуди Ш. дида мошавад.

Ш. яке аз гуруҳҳои нисбатан муҳимми олами ҳайвонотанд. Аксар ҳайвоноти хонагӣ низ мансуби Ш. буда, баъзан онҳо дар давраҳои гуногуни таҳаввулоти инсоният мақоми калон доштанд: мас., то миёнаи а. 19. асп нақлиёти асосӣ ҳисоб мешуд. Аз Ш. маҳсулоти барои ҳаёт зарур — муина, пуст, гушт, шир, равған, устухон ва ғ. мегиранд. Ш.-ро чун ҳайвоноти лабораторӣ (барои гузаронидани таҷриба) низ истифода мебаранд. Баъзе Ш. (гург, хояндаҳо ва ғ.) ба чорводорӣ, зироаткорӣ зараррасонҳои барангезандаи бемориҳои сироятии одаму ҳайвонот мобошалд. Дар натиҷаи аз ҳад зиёд шикор кардан ва тағйир ёфтани шароити табиӣ шумораи аксар намудҳои Ш. кам гашта, баъзеашон қариб нест шудаанд (мас., китҳои калон, шер, паланг, маймунҳои одамшакл ва ғ.) Бино ба маълумоти Иттифоқи байналхалқии муҳофизати табиат («Китоби сурх») алҳол қариб 300 намуду навъҳои Ш. маҳв шуда истодаанд. Таҷрибаҳои дар СССР ва диг. мамлакатҳо оид б а муҳофизату таҷдиди самур, шоҳгавазн ва ғ. гузаронида собит намудаанд, ки зимни истифодаи сарфакорона бисьёр ҳайвонҳоро аз нестӣ наҷот додан мумкин аст. Ш.-ро як қисмати зоология— териология меомӯзад.

Ад.: Виноградов Б. С., Павловский В. Н., Флеров К. К., Звери Таджикистана, М.— Л.. 1935; Давыдов Г. С., Фауна Таджикской ССР, Млекопитающие, т. XX. ч. 1, Ц., 1974; дамой муалл.. Пространственное размещение расселения млекопитающих Таджикистана в зависимости от структуры поясности. Зоологический сборник, ч. 1, Д., 1975.

Г. С. Давыдов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …