Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШИРХОРА

ШИРХОРА

ШИРХОРА, тифли ширмак, разеъ, кӯдаки ширхурро гӯянд. Давраи ширмакии кудак тақр. 1— 1,5 сол аст. Аз рӯзи таваллуд то якмоҳагӣ давраи навзодӣ ҳисоб мешавад. Вазни навзод ба ҳисоби миёна 3200—3400 (аз 2500 то 4500) г, қадаш 50 (аз 47 то 50) см, даври сараш 32—34 см аст. Дар давраи навзодӣ дар организми кудак бисьёр тағйироти морфологию (сохт) функционалӣ (амалиёт) ба амал меоянд. Мас., 3—4 рӯзи аввал вазни кудак 150—300 г кам ва дар якмоҳагӣ 600 —700 г зиёд мешавад. Ҳарорати бадани навзод ҳафтаҳои аввал тағйирёбанда буда, бештар ба ҳарорати муҳит вобастагӣ дорад. Майнаи навзод нисбатан калон буда, мушак ва аъзои босираю сомеааш суст тарақкӣ кардааст. Пусташ тунуки гулобиранг аст. Дар ҳаёти навзод мубодилаи об аҳамияти калон дорад; 75 —80% вазни кудак об аст.

kudak

Ш. соли аввал тез (то 25 см) қад мекашад. Вазни Ш. дар 5—6 моҳагӣ аз вазни пештараааш ду маротиба ва охири сол се баробар зиёд мешавад. Узвҳои ҳозимаи Ш. дар аввал фақат ба ҳазми шир мутобиқанд, баъд тадриҷан барои ҳазми дигар ғизо низ қобилият пайдо мекунанд. Баъзан кудак ҳангоми макидани сина ҳавои бисьёреро низ фуру мебарад ва дар натиҷа шири хурдаашро қай мекунад. Бинобар ин баъди маконидан кудакро то хориҷи ҳаво (оруғ задан) якчанд дақиқа рост нигоҳ доштан лозим аст. Кудак аз бисьёр шир хурдан низ қай мекунад. Агар кудак баъди ягон соати ширхурданаш қай кунад, он гоҳ у бемор аст, тез-тез тар кардан, наҷосати луобу хунолуд, дамидани шинам, баланд шудани ҳарорати бадан низ нишонаҳои бемории Ш.-ҳоанд. Аксарн Ш.-ҳои солим дар 6—8 моҳагӣ дандон мебароранд. Ш.-и яксола бояд 8 дандон дошта бошад.

Эҳтиёҷоти Ш. ба ҳавои тоза аз дигарон зиёдтар аст. Ш.-и солими инкишофаш муътддил дар 2 мохагӣ сарашро ннгоҳ дошта метавонад, руяшро суиг овоз мегардонад, механдад. Дар 3 моҳагӣ Ш. серҳаракат мешавад; сарашро озод ннгоҳ дошта паҳлу мегардад, баъзан модарашро мешиносад. Дар 4 моҳагӣ ба шикамаш такья карда, чизҳои ҳаракатнокро нағз мушоҳида мекунад, одами шиносу ношнносро фарқ менамояд. Ш.-и 5 моҳа модарашро хуб мешиносад, чизҳоро дошта сӯи даҳон мебарад, ягон ҷойро қапида мешинад. Дар 6 моҳагӣ аз шикам ба тахтапушт мегардад, мустақилона мешинад, бозичаҳоро мебардорад, кушиши ғеҷидан мекунад. Дар 7-моҳагӣ ба зону меистад, гавак мекашад. Ш.-и 8 моҳа аз дидани чизҳои нав ба ҳаяҷон меояд, мустақилона дарро мекашад, ягон ҷойро қапида рост меистад. Дар 9—40 моҳагӣ рост мехезад, ҳаракат карданӣ мешавад, баъзе калимаҳо (мас., «оча», «дада» ва ғ.)-ро талаффуз мекунад. Дар 11— 12 моҳагӣ роҳ меравад, номи бисьёр чизҳоро ёд мегирад, баъзе узвҳои баданаш (чашм, даст, пой ва ғ.) -ро нишон медиҳад.

Сабзиш ва инкишофи Ш. ба нигҳубини хуб ва тарбияи дуруст вобаста аст. Ш.-и 1,5—3 моҳаро баъди ҳар 3,5 соат ва аз 3 моҳа калонро баъди ҳар 4 соат хурондан лозим аст. Кудаки солимро дар 11—12 моҳагӣ (ғайри тобистон) аз сина ҷудо мекунанд. Хонаи хоби Ш. бояд равшан ва тозаю озода бошад. То 6 моҳагӣ Ш.-ро дар рӯз ва баъд ҳафтае 2—3 бор оббозӣ дорондан зарур аст. Либоси Ш. бояд танг набошад. Барои дар Ш. якчанд яктакча (куртачаи пешкушод, камзулча, парпечи тунук, парпечи гумазӣ, кампал ва ғ.) лозиманд.

Ад.: Развитие и воспитание ребёнка от рождения до трёх лет, М. 1965; Тур А. Ф., Физиология и патология новорожденных детей. Л.. 1967; Спок Б., Ребёнок и уход за ним М., 1971: Молодым родителям, М., 1973.

М. Ёқубова.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …