ШИРРАВҒАН, ширрӯған, як навъ хуроки миллист. Ш.-ро дар дег ҷушонда баъд мувофиқи табъ ба он равғани маска ё зард андохта, нон реза карда мехуранд. Ш.-ро баъзан ҳамчун хуроки парҳезӣ мехуранд. Дар ноҳияҳои болооби Зарафшон Ш. ро дар туйи арусӣ дар таги чодар аввал арусу домод, баъд ҳозирон ба ҷои шарбат мечашанд.
С. Абдуллоев.