Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШИРМОҲӢ

ШИРМОҲӢ

ШИРМОҲӢ (Schirotorax), як навъ моҳии маъмул, аз руи таснифи илми ҷинси моҳиест, аз оилаи гулмоҳиҳо. Баданаш бо пулакчаҳои хурд пушида шудааст. Дарозиаш то 1 м, вазнаш то 12 кг. Шикампардаи сиёҳ ва ду ҷуфт муйлабча дорад. Дар Тоҷикистон дар ҳавзаи д-ҳои Зарафшон, Сир, Кофарниҳон, Вахш, Панҷ, Қизилсу зиндагӣ мекунад. Дар Помир то баландии 3900 м аз с. 6. маскун аст. Ш. баҳорон дар дарьёҳ тухм могузорад. Баъзе намудҳои Ш. (мас., Ш.-и илийӣ, Ш.-и шуртаншакл), дигарашон (мас., Ш.-и муқаррарӣ) ҷонваронив бемуҳра ва Ш.-и балхашӣ растаниҳои обиро мехуранд. Баъзе Ш.-ҳо аҳамияти саноатӣ доранд; асосан аз к. Балхаш ва Исиқул медоранд. Шикампардаи сиёҳ ва тухми Ш. заҳрнок аст.

shirmohi

Ад.: Максунов В. А., Промысловые рыбы Таджикистана, Д., 1969.

Е. В. Гришенко.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …