Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШИРИНКОМА

ШИРИНКОМА

ШИРИНКОМА, ширинкамона, 1) шириниест, ки падару модари домодшаванда ба ивази расонидани хабари розигии волидайни арусшаванда ба хостгори фиристодааш медод. Вақтҳои охир мазмуни он васеътар шуда, ба ҷои ширинӣ ҷомаю руймол ва ғ. медодагӣ шуданд; 2) пуле, ки пешакӣ барои иҷрои супориши махсус аз тарафи фармоишдиҳанда ба шахси иҷрокунанда дода мешавад; 3) пуле, ки ба даллоли бозор баъди савдои чизе фурушанда ва харидор медиҳанд.

Н. О. Турсунов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …