Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШИРИНЧАИ ПАХТА

ШИРИНЧАИ ПАХТА

shirinchai-paxta

ШИРИНЧАИ ПАХТА, ширинчаи полиз, як навъ ҳашаротест, ки ба пахта зарар мерасонад. Махсусан ширинчаи пахта (Aphis gossypii, ниг. расм.) бештар зарар меорад. Ширинчаи модинаи бебол (ширинчаи нарина вуҷуд надорад) байзашакл (дарозиаш 1,5—2,1 мм) буда, зард ё сабз мешавад. Баъди зимистонгузаронӣ шираи алафҳои бегонаро мемакад. Дар ҳарор. қариб 12°С 20— 60-то кирмина мегузорад, ки он баъди 10—15 шаборӯз ба ширинча табдил мешавад. Аввали тобистон ширинчаи модинаи болдор пайдо шуда, ба киштзори пахта, канакунҷид, полиз ва диг. зироати х. қ. мегузарад. Вай шираи баргро мемакад, барг печида мехушкад, растанӣ суст месабзад ва дар натиҷаи норасоии ангиштобҳо кам ҳосил мебандад. Тирамоҳ Ш. п. нахи пахтаро часпак ва ифлос намуда, ба инкишофи занбуруғҳои зарарнок дар он мусоидат мекунад. Чораҳои мубориза: нест кардани алафҳои бегона, ба ниҳоли пахта пошидани инсектицидҳо.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …