Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШИРИНЧА

ШИРИНЧА

ШИРИНЧА, ширинчаҳо (АрЫ-dinea), як навъ ҳашаротро гӯянд. Дарозиаш 0,5—в мм.

Баъзе намудҳояш 2 ҷуфт боли якхела дорад. Ш.-ҳо гуногунранганд (мас., сабз, зардча, сафед, сиёҳи баланд ва ғ). Ғизояш шираи растаниҳои сузанбарг, пушидатухм ва ғ.

Ш.-ҳо ба 12 оила ҷудо мешаванд ва қариб 2500 намудро дар бар мегиранд. Дар СССР зиёда аз 800 (аз ҷумла дар РСС Тоҷ., ва ноҳияҳои ҳамшафати он 360—400) намуди Ш. мавҷуд аст. Аксари онҳо зараррасони х.қ. мебошанд (ниг. Ширинчаи пахта). Ш. ҳангоми макиданӣ шираи растанӣ оби даҳони худро ба бофтаи растанӣ мефиристад. Дар натиҷа барги растаниҳо печида, дар шоху навдаи дарахтон бузгунҷ ба амал меояд. Ш.-и заррарасонро бо роҳи химиявӣ ва биологӣ маҳв мекунанд. Оид ба Ш. дар Ин-ти зоология ва паразитологияи АФ PСС Тоҷ. тадқиқот мебаранд.

Ад.: Нарзиқулов М. Н., Умаров Ш. А., Тли Таджикистана и сопредельных районов Средней Азии, дар кит.: Фауна Таджикской ССР, т. 9, в. 2, Д., 1969; Таджикистан (природа и природные ресурсы), Д., 1982.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …