Маълумоти охирин

ШИРИН

xusrav-va-shirin

ШИРИН – яке аз қаҳрамонҳои асосии достонҳои «Хусрав ва Ширин» («Фарҳод ва Ширин»). Прототипи ин образ шахси таърихӣ, завҷаи Хусрави II Парвиз мебошад. Дар «Таърих»-и Феофилакт Симокатта (муаррихи румии ох. а. 6—авв. а. 7) омадааст, ки Хусрави Парвиз Сира (баъдан ин ном ба Шир табдил ёфт) ном румидухтари исавимазҳабро с. 592 ба ақди никоҳ даровард. Муаррихи арманӣ Себеос (а. 7) зодгоҳи Ш.-ро Хузистон гуфтааст. Дар як таърихи маҷҳулулмуаллифи суриёнӣ, ки тақр. с-ҳои 670—680 мураттаб шудааст, Ш. аз қабилаи оромиҳо мебошад. Манбаъҳои дигари таърихӣ вуҷуд доранд, ки дар онҳо Ш. духтари эронӣ, озарбойҷонӣ, арманӣ гуфта шудааст, вале румидухтар будани у ба ҳақиқат бештар наздик аст. Дар қиссаву ривоятҳо таърихҳои арабӣ ва форсии дарӣ (тоҷикӣ) достонҳои ишқии романтикии а-ҳои 9—12 образи Ш.-и таърихӣ таҳаввул ёфта, ба образҳои  машҳури адабӣ мубаддал гардид. Мувофиқи тасвири шоирон — Низомии Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Алишери Навоӣ ва диг. Ш. бародарзодаи маликаи арман Меҳинбонуст, ки шоҳи сосонӣ Хусрав ба у ошиқ шудааст. Ш. зоҳиран ва ботинан зебост, ақлу заковат, иродаи қавӣ дорад. Вай инчунин шуҷоу далер аст. Дар мамлакатдорӣ ботадбир, раиятпарвар, накукор мебошад. Бо ташвиқи у Хусрав ба тоҷу тахти худ соҳиб| мешавад. Ш. аз самими дил Хусравро дуст медошт, аз ин ру ишқи Фарҳодро рад намуда, ҳамсари Хусрав шуд. Ш. дар тарбияи Хусрав, таҳаввули маънавии ин шоҳи ишратпараст ва сабукфикр заҳмати бисёр кашида, дар охир уро ба адолат ва раиятпарварӣ расонд. Баъди кушта шудани Хусрав Ш. молу мулкашро ба дармондагону бенавоён тақсим карда, дар канори тобути Хусрав худро бо ханҷар кушт.

Ад.: Алиев Г. Ю., Легенда о Хосрове и Ширин в литературах народов Востока. М., 1980.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …