Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШИРИН БУНЬЁД – Қурбонмамадов Хушқадам Буньёдович

ШИРИН БУНЬЁД – Қурбонмамадов Хушқадам Буньёдович

shirin-bunyod

ШИРИН БУНЁД (фам. ва номаш Қурбонмамадов Хушқадам Буньёдович; тав. 14 12. 1941, деҳаи Риҷиси p-ни Шуғнони  (ВАБК), шоири советви тоҷик. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз с. 1976. УДТ-ро хатм  кардааст (1973). Чанд сол ҷонишини директори Театри драмаи мусиқии ба номи Рудакии ш. Хоруғ буд. Аз с. 1960 мудири шуъбаи маориф ва маданияти г. «Бадахшони Советӣ». Шеърҳои Ш. Б. аз с. 1965 чоп мешаванд. Муаллифи маҷм. ашъори «Бомдод» (1982) ва «Зартеғ» (1984). Тараннуми ҳаёти босафои имрӯза, талқини поси хотири буньёдгузорони ҳаёти нав ва шаҳидони  Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ситоиши аҳли ҳунар ва офарандагони неъматҳои моддию маънавӣ ва ғ. мавзуъҳои асосии эҷодиёти уст. Баъзе шеърҳои М. Ю. Лермонтов, С. Есенин, А. С. Пушкин, Ц. Кулиев ва диг.-ро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Аз с. 1983 узви ИН СCCP.

Н. Шакармамадов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …