Маълумоти охирин

ШИРЧОЙ

shirchoy

ШИРЧОЙ, як навъ таоми миллӣ, ки аз қадимулайём дар байни халқҳои Шарқ, аз ҷумла тоҷикон маъмул аст. Онро ин тавр тайёр мекунанд. Обро дар дег ҷӯшонида ба он каме чои хушк (бадали чой, ягон чизи дигар: алафи ҷояк, чойкаҳак, навдаи санҷид, чормағз ва ғ.) ва мувофиқи табъ намак ҳамроҳ карда, тақр. 10—15 дақ. маҳин меҷӯшонанд, баъд ба миқдори муайян шир меандозанд. Ҳангоми ҷӯшондан онро бод мекашанд ва равғани зард меандозанд.

Ад.: Аминов С., Ванукевич А., Таомҳои тоҷикӣ, Д., 1967.

М. Ҳомидҷонова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …