Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШИРБИРИНҶ

ШИРБИРИНҶ

shirbirinj

ШИРБИРИНҶ, як навъ таоми маъмули миллист. Ш.-ро дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон як хел табёр мекунанд. Биринҷро тоза карда, шуста ба деги каме обдор андохта, то нимпаз шуданаш меҷушонанд. Баъд ба вай ширу намак ҳамроҳ намуда, то пухтанаш бо кафгир кофта меистанд. Сипас таомро ба табақ кашида, ба руяш равғани зард мерезанд. Баъзан ба Ш. шакар ё қанди куфта низ ҳамроҳ мекунанд.

М. Ҳомидҷонова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …