Маълумоти охирин

ШИПАНГ

ШИПАНГ, бинои тобистонаест барои истироҳати одамон. Ш. аз асрҳои миёна дар баёни тоҷикон маъмул аст. Онро одатан дар дохили ҳавлию чорбоғ ва полиз месохтанд. Сақфи Ш. дар болои сутунҳо меистод ва деворе надошт. Сутунҳою сақфи Ш. бо кандакории руи чуб ва наққошӣ оро дода мешуд. Ҳоло  Ш.-ро дар колхозу совхозҳо низ сохта, ҳмчун бошишгоҳи саҳроӣ истифода мебаранд. Он ҷои дамгирӣ, корҳои оммавию сиёсӣ ва ташкилии меҳнаткашон гардидааст.

shipang

Н. Турсунов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …