Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШИМЪУНИ ҲОХОМ

ШИМЪУНИ ҲОХОМ

ШИМЪУНИ ҲОХОМ, Шамъуни Ҳаким (1830—1909), адиб, тарҷумон, ношир. Аз яҳудиёни тоҷикзабони Осиёи Миёна. «Амнуну Томор» ном достони манзуму мансури халқиро ба вазни «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомии Ганҷавӣ аз забони ибрӣ ба тоҷикӣ гардонда, дар он инчунин аз достони Низомӣ иқтибосҳои зиёде овардааст. Ш. X,. асарҳои Шоҳини Шерозӣ («Ардашер ва Эстер», «Юсуф ва Зулайхо», «Азроъ», «Мусонома» ва ғ.) ва шоири а. 17 Ғориби Самарқандӣ («Шоҳзода ва Суфӣ», «Махзан-ул-панд»), «Лайлӣ ва Маҷнун»-я Низомии Ганҷавӣ, ғазалҳои Ҳофизи Шерозиро аз хатти арабӣ ба ҳуруфи нуқатдори ибрии яҳудиёни Бухоро рунавис карда, бо шарҳу тавзеҳоти муфассал нашр кунондааст. Ш. X,. мураттиби луғати мухтасари русӣ—тоҷикӣ—ибрист, ки чун замимаи «Шоҳзода ва Суфӣ» ба табъ расидааст. Осори нашркардаи Ш. X-дар Ганҷинаи дастнависҳои Ин-ти шарқшиносии АФ РСС Тоҷ. маҳфузанд.

Н. Муллоқандов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …