Маълумоти охирин

ШИЛХА

ШИЛХА, шулха, шулух, шилҳа, судқӣ, туршак, туруша, турушадк, ҳуммоз, қав, қалдирмоҳ, сурхпой, сурхчуба (Rumex), як ҷинси гиёҳҳои яксола ва бисёрсолаест аз оилаи торониҳо. Пояаш рост, сахт, сабз, баъзан сурхтоб, камшоха (аз 6 ом то 2 м қад мекашад).

shilkha

Дар дуньё тақр. 200 намуди Ш. маълум аст. Дар Тоҷикистон 8 намуди Ш.-и худрӯй (R. crispus, R. conglomerates R. pamiricus, R. paul-sonianus, R. rechigertanus, R. Halac  nopalensis) – I ро ба ҳисоб гирифтаанд. Онҳо дар аксар ноҳияҳои республика (одатан дар лаби ҷуйҳо, соҳили обанбору дарёҳо, шибарзамин, марғзор, дашту ҷангал-800, боғу киштзор) нашъунамо меёбанд. Инчунин дар республикаамон ду намудп Ш. (R. асе-toea, R. thyrsiflorus)-po ҳамчун сабзавот мепарваранд.

Ш. сабавоти хеле қадимист. Бино ба маълумоти Дисқуридус (Диоскорид, а. 1м.) Ш. дар замини ҳосилхез меруяд, боғиӣ ва худруй мешавад. Мувофиқи гуфти Абурайҳони Берунӣ Ш.-и боғӣ як навъ сабзаест, ки арабҳо «ҳуммоз» ва форсҳо «туруша», хиндуҳо «имлӣ» (тухмашро «дила») мегуянд.

Ҳуммоз ё туршак (R. acetosa, нет. раем), гиёҳи бисьёрсолаест, ки то 80 см қад мекашад. Баргҳояш пайконшакл ё найзамонанд (баргҳои бехи пояаш думчадароз, баргҳои қисми болотари поя думчакутоҳ ё бедумча). Гулаш сурхтоб ё сабз. «Чормағзак»-аш серқирраи бурранг.

Туршак дар бисьёр кишварҳо, аз ҷумла СССР тарраи маъмул аст. Oнҳоро аз тухмаш меруёнанд (дар як ҷой якчанд сол месабзад). Туршакро ба замини сернами ҳосилхез мекоранд. Тирамоҳ ба замин пору меандозанд. Агар тухми онро аввали баҳор коран д, баъди 3 моҳ (агар тобистон кишт кунанд, баҳори соли оянда) ҳосил (барг) мегиранд. Дар мамлакати мо дар сол тақр. ба 18 ҳаз. га туршак мекоранд ва аз ҳар га 100— 150 ц ҳосил меғундоранд. Туршакро чун хуриш ва дар таом истеъмол мекунанд. Баргаш сервитамин (то 115 мг% витамяни С ва 8 мг% каротин, инчунин витамини В») аст.

Хусусияти давоии туршак аз қадим маълум аст. Абуалии Сино шираи ҳуммозро чун заҳрарон, бехашро барои майда кардани санги гурда, тухмашро ҳангоми табобати захми меъда, исҳоли куҳан ва ғ. истифода бурдааст. Муҳаммад Ҳусайн дар «Махзан-ул-адвия» (с. таълиф 1776) ояд ба туршак навиштааст, ки «Мазмаза ба усораи он (яъне бо ширааш даҳонро чайқонидан) ҷиҳати таскини дарди дандон ва ҷароҳати даҳон нафъовар. Ҷиҳати ярақон, тақвияти ҷигар, илтиҳоб… ва рафъи саммияти (заҳри; ақрабгазида нофеъ. Ва пухтан он табъро нарм кунад ва ҷиҳати он муфид… Зимоди сумоқ хурдани он муфид… Зимоқи пухтан он бо шароб ҷиҳати ханозир ва варамҳои баногуш ва ҷараб ва барас ва кубо…». Сайид Субҳонқулии Муҳаммад Баҳодурхон дар «Эҳьё-ут-тибб» (соли китобат 1691) гуфтааст: «… агар як мисқол бехи вай (ҳуммоз) бикубанд ва бо рубоъи себ бисиришанд ва бинушанд реши руда ва исҳолро нофеъ бувад».

Ш.-и худрӯй низ хусусияти шифобахшӣ дорад. Дар амалияи тиб бо нақеъ ва қиёми бехаш (R. confer-tus) шахсони гирифтори коллит ва энтероколитро табобат мекунанд.

Решаву решапояи Ш.-ро, ки 6— 20% моддаҳои даббоғӣ доранд, барои ош додани пуст истифода мебаранд.

Ад.: Мунтахаб aз рисола ва луғатҳои тибби кадим, Д., 1971; Вехов В. Н [ва диг.]. Культурные растения СССР, М., 1978.

М. Хоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …