Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШИКАМБА

ШИКАМБА

ШИКАМБА, шикамба, ишкамба, қисми аввал ва аз ҳама калони меъдаи ҳайвоноти жовандаро гуянд, ки қариб тамоми тарафи чапи ҷавфи шикамро дар бар мегирад. Ҳаҷми Ш.-и ҳайвони болиғ ба 4/5 ҳиссаи ҳаҷми тамоми меъда баробар аст. Девораи Ш. аз қабатҳои берунӣ (серозӣ), миёна (мушакӣ) ва дарунӣ (луобпарда) таркиб ёфтааст. Девораи дарунӣ аз чинҳо иборат аст, ки Ш.-ро ба халтачаҳои алоҳида ҷудо менамоянд. Дар Ш. хуроки наботӣ аз таъсири бактерияю соддатаринҳо таҷзия шуда, омехта мегардад. Аз Ш. ғизо ба тур меояд ё ҳангоми оруғ задан ба ҷавфи даҳон ва аз онҳо баъди дубора жовидан тавассути сурхруда ба ҳазорхона ҷорӣ мешавад.

shikamba

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …