Маълумоти охирин

ШИКАМ

shikam

ШИКАМ, батн, қисми ба ҳали одамро гуянд, ки аз ҷавф (холигӣ) ва девораҳои он иборат аст. Девораи Ш.-ро пуст, мушак, апоневроз, фасцияҳо ташкил медиҳанд, ки аз ақиб бо сутунмуҳра пайваст шудаанд. Аз пешу паҳлу бошад, бо қабурғаҳо ва қисман бо қафаси сина пайваст мебошад. Аз сари сина то зиҳор хати сафеди Ш. мегузарад Дар боло дар девораи пеши Ш. қисми зериқафасии сина мавҷуд аст, ки дар он қабурғаҳои камоншакл ба ҳам пайваст мешаванд, дар поён теғаи тиҳигоҳи устухони кос ва бофтаҳои қадкашак, ки Ш.-ро аз рон ҷудо мекунанд, ҷойгиранд. Қисми пеши Ш.-ро шартан ба мавзеъи сари дил, байни шинам 3 мавзеъи шикам ва поёни шикам ҷудо мекунанд. Сурохиҳои дарунӣ ва берунии нойчаи қадкашак, мавзеи атрофи ноф ҷойҳои нисбатан сусти девораи Ш. мебошанд. Шакли Ш. вобаста ба сохти бадан, синну сол, ҳаҷми узвҳои дарунӣ, дараҷаи инкишофи мушакҳо тағйир меёбад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …