Маълумоти охирин

ШИФТ

shift

ШИФТ, сақфи биноро гӯянд. Ш.-и ёдгориҳои меъмории Осиёи Миёнаро ба ҳар намуд месохтанд. Ба сифатяи масолеҳи Ш. хишти хому пухта, санг, чуб ва ғ. истифода мешуданд. Дар гузашта ба шакли гумбаз сохтани шифти биноҳои бузурги бошукуҳ  (масҷид, мақбара, Мадраса, корвонсарой ва ғ.) маъмул буд. Аксари биноҳои истиқоматие, ки дар а-ҳои 19 ва 20 сохта шудаанд, Ш.-и ҳамвор доранд. Дар меъмории халқӣ Ш.-и хонаҳо аксаран болорҳои тоқ (5, 7, 9 болора) ва вассаҷуфт буданд. Дигар ва намудҳои Ш. низ вомехуранд. Ш. арақа, кийик, шарафа, фурумон, қабза, тахтапуш, ҳошия, васса, ҳавзак, тумор ва ғ. дорад.

М. Рӯзиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …