Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШИФОӢ Ҳаким Шарафуддин Ҳасан

ШИФОӢ Ҳаким Шарафуддин Ҳасан

ШИФОӢ Ҳаким Шарафуддин Ҳасан (1560, Исфаҳон —1627), шоир ва табиби эронӣ. Аз оилаи табиб. Пас аз касби камол ҳакимбошии дарбори Тахмосбӣ 1 (ҳукмр. 1587—1629) буд. Аз хурдсолӣ ба шеъргуӣ шуруъ кард. Девони ашъори Ш. аз қасоид, ғазалиёт, таркиббанду тарҷеъбандҳо, рубоиёт, қитаот, фарқиёт ва ҳазлиёт таркиб ёфтааст. Ба қавли тазкиранависон Ш. дар ҷавоби Низомии Ганҷавӣ «Хамса» доштааст, вале имрӯз аз он танҳо се достон — «Дидаи бедор» (дар ҷавоби «Махзан-ул-асрор»), «Намакдони ҳақиқат» (дар ҷавоби «Ҳадиқат-ул-ҳақиқат-и Саноӣ) ва «Меҳру муҳаббат» (дар мавзӯи «Хусрав ва Ширин»-и Низом») дастрас аст. Ба қалами Ш. қасидаи «Маҷмаъ-ул-баҳрайн» (дар татаббуи «Туҳфат-ул-Ироқайн»-и Хоқонӣ) ва «Шаҳрошуб» муталлиқанд.

Ш. дар илии тиб китоҳо бо номи «Қарободин-уш-Шифоӣ» таълиф намудааст. «Бист боб» ном асари тиббӣ низ ба у нисбат дода мешавад.

С. Асадуллоев

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …